Георгий Кошлаков дар сини 81-солагӣ даргузашт
ДУШАНБЕ, 08.07.2017./АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе дирӯз, 7 июл собиқ муовини Раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон, собиқ мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Георгий Кошлаков бар асари сактаи қалб дар сини 81-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, ки Георгий Вадимович то рӯзҳои вопасини умраш дар он ҷо кор мекард, хабар доданд.
Кошлаков аз зумраи он мансабдорони русзабони даврони шӯравии Тоҷикистон буд, ки баъд аз пошхӯрии Иттиҳод кишварро тарк накарданд ва барои кору зиндагӣ дар инҷо боқӣ монданд.
Георгий Вадимович Кошлаков 8 феврали соли 1936 дар шаҳри Свердловски (ҳозира Екатеринбург) Россия ба дунё омада, Донишкадаи политехникии Тошкандро хатм кардааст. Соли 1974 сардори Раёсати геологияи Тоҷикистон, аз соли 1984 муовини аввали раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон таъйин шуда буд. Ӯ охири солҳои 90-ум дар вазифаҳои Вазири саноату захираҳои модӣ ва Раиси Кумитаи давлатии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва банақшагирӣ (Госплан) низ кор кардааст.
Г. Кошлаков узви вобастаи Академияи байналмилалии муҳандисӣ буд, соли 1977 Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон дар соҳаи илму техника ба номи Абуалӣ ибни Сино, 1986 унвонҳои ифтихории «Муҳандиси хизматнишондодаи Тоҷикистон» ва «Геологи фахрии СССР» ва соли 2006 унвони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро соҳиб шудааст.
Профессор Георгий Кошлаков дар солҳои бознишастагиаш аз соли 2011 инҷониб ба ҳайси устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия фаъолият дошт ва раҳбари кафедраи иқтисод ва менеҷмент буд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






