Георгий Кошлаков дар сини 81-солагӣ даргузашт

Июль 8, 2017 12:16

ДУШАНБЕ, 08.07.2017./АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе дирӯз, 7 июл собиқ муовини Раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон, собиқ мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Георгий Кошлаков   бар асари сактаи қалб дар сини 81-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, ки Георгий Вадимович то рӯзҳои вопасини умраш дар он ҷо кор мекард, хабар доданд.

Кошлаков аз зумраи он мансабдорони русзабони даврони шӯравии Тоҷикистон буд, ки баъд аз пошхӯрии Иттиҳод кишварро тарк накарданд ва барои кору зиндагӣ дар инҷо боқӣ монданд.

Георгий Вадимович Кошлаков 8 феврали соли 1936 дар шаҳри Свердловски (ҳозира Екатеринбург) Россия ба дунё омада, Донишкадаи политехникии Тошкандро хатм кардааст. Соли 1974 сардори Раёсати геологияи Тоҷикистон, аз соли 1984 муовини  аввали раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон таъйин шуда буд. Ӯ охири солҳои 90-ум дар вазифаҳои  Вазири саноату захираҳои модӣ ва Раиси Кумитаи давлатии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва банақшагирӣ (Госплан) низ кор кардааст.

Г. Кошлаков узви вобастаи  Академияи байналмилалии муҳандисӣ буд, соли 1977 Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон дар соҳаи илму техника  ба номи Абуалӣ ибни Сино, 1986 унвонҳои ифтихории «Муҳандиси хизматнишондодаи Тоҷикистон» ва «Геологи фахрии СССР» ва соли 2006  унвони «Аълочии  маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро   соҳиб шудааст.

Профессор Георгий Кошлаков дар солҳои бознишастагиаш аз соли 2011 инҷониб ба ҳайси устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия фаъолият дошт ва раҳбари кафедраи иқтисод ва менеҷмент буд.

 

Июль 8, 2017 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад