Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе: «Муроҷиати шаҳрвандон бояд тибқи тартиби муқарраргардида ба роҳ монда шавад»

Июль 13, 2017 17:35

ДУШАНБЕ, 13.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз тибқи супориши Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мулоқоти Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо  кормандони Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молумулки ғайриманқул» дар шаҳри Душанбе   баргузор гардид.

Дар мулоқот масъалаи риояи қатъии   санадҳои меъёрии ҳукуқии амалкунандаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми  иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ  аз ҷониби ҳар як корманд  баррасӣ гардид.

Аъзои Гурӯҳи корӣ ба  кормандони корхона тавсия доданд, ки ҳангоми амалиёти бақайдгирӣ ба амалҳои коррупсионӣ роҳ надода, фаъолияти кории худро   аз рӯи талаботи қонунгузории соҳа ба роҳ монанд.

Дар ҷамъомад ҳамчунин таъкид гардид, ки ҳар як вазорату идора ва   ташкилоту муассиса, новобаста аз шакли моликият, бояд қабули шаҳрвандонро дар асоси тартиби муқарраргардида ба роҳ монда, тибқи  муҳлати муқарраргардида  ба аризаю дархости  онҳо ҷавоб  гардонанд.

Дар ҷамъомад ҳамчунин масъалаи ҷобаҷогузории кадрҳо аз рӯи ихтисос ва собиқаи корӣ, ҷойивазкунии  (ротатсия) кормандон, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳангоми қабули корманд ба кор, андешидани тадбирҳо дар вақти ба синни нафақа расидани корманд  мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар айни ҳол дар Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молумулки ғайриманқул» дар шаҳри Душанбе 171 нафар кормандон аз рӯи  басти корӣ ва 6 нафар тариқи шартнома бо ихтисосҳои заминсозӣ, ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ, омӯзгорӣ, агрономӣ, менеҷмент ва андозбандӣ, муҳандис-сохтмончӣ ва дигар ихтисосҳо фаъолият менамоянд.

Бо назардошти таклифу пешниҳод ва эроду тавсияҳои дар ҷараёни мулоқот ба миён омада, роҳбарияти  Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молумулки ғайриманқул» дар шаҳри Душанбе  вазифадор гардид, ки аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маълумот манзур намояд.

Июль 13, 2017 17:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Душанбе мизбони DITE-2026 ва Форуми байналмилалӣ оид ба сайёҳии устувор мегардад
ИДИ ТИРГОН — БРЕНДИ САЙЁҲИИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Дар Душанбе маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи шоир, адиби классикии асри миёнаи Гурҷистон Шота Руставелӣ баргузор гардид
Бо мақсади муаррифии бештари имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе лоиҳаи инноватсионии «QR-роҳнамо» таҳия гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон — меъмори сулҳ ва ваҳдати миллии тоҷикон
Дар Душанбе хатсайри нави автобуси барқӣ ба фаъолият оғоз намуд
Масоили рушди низоми нақлиёти шаҳри Душанбе бо БАТР баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни шаҳри Душанбе ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ. Ин чорабинӣ дар фазои идона баргузор шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ПАНҶ. Деҳқонон беҳтарин маҳсулоти кишоварзиро пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт намуданд