«ҲУНАРМАНДИ СОЛ». Дар Душанбе даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 21.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 ноябр дар шаҳри Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» аз рӯйи панҷ номинатсия — «Тарроҳӣ», «Наққошӣ», «Кундалнигорӣ», «Армуғони сайёҳӣ» ва «Зардӯзӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Аз рӯйи номинатсияи «Тарроҳӣ» ҷойи якумро Гулбар Боқиева аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ҷойи дуюмро Фарида Саидова аз ҳамин ноҳия ва ҷойҳои сеюмро Нигина Икромова аз ноҳияи Сино ва Раҷабмоҳ Ғаффурова аз ноҳияи Шоҳмансур соҳиб шуданд.
Дар номинатсияи «Наққошӣ» ҷойи якум насиби Наврӯз Саидов аз ноҳияи Шоҳмансур гардид. Ҷойи дуюмро Давлатбӣ Ёдгорова аз ноҳияи Фирдавсӣ ва ҷойҳои сеюмро Руслан Гайфумин аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Юлдуз Алиҷонова аз ноҳияи Фирдавсӣ ишғол намуданд.
Дар номинатсияи «Кундалнигорӣ» ҷойи якум ба Комрон Каримзода аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ҷойи дуюм ба Доро Ниёзов аз ноҳияи Фирдавсӣ ва ҷойҳои сеюм ба Собирҷон Турсунов аз ноҳияи Шоҳмансур ва Жасмин Каримова аз ноҳияи Сино дода шуд.
Дар номинатсияи «Армуғони сайёҳӣ» Абдуваллӣ Абдуллоев аз ноҳияи Сино сазовори ҷойи якум, Саидислом Ғуломов аз ҳамин ноҳия соҳиби ҷойи дуюм ва Афзал Давлатов ва Афзалшоҳ Холов аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ сазовори ҷойҳои сеюм гардиданд.
Ҳамчунин дар номинатсияи «Зардӯзӣ» ҷойи якумро Фариштамоҳ Шукурова аз ноҳияи Фирдавсӣ, ҷойи дуюмро Назрӣ Қаландарова аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва ҷойҳои сеюмро Ҷонона Ҷумаева аз ноҳияи Сино ва Замира Донаева аз ноҳияи Фирдавсӣ ишғол намуданд.
Ҳадафи баргузории озмун ҳифзу нигоҳдории мероси ғайримоддии фарҳангӣ, тарбияи ҳисси зебопарастӣ, худшиносиву ватандӯстӣ, эҳёи анъанаҳои аҷдодии ҳунарҳои мардумӣ ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини ҳунармандӣ мебошад. Ҳамзамон он ба тарғиби таҷрибаи пешқадами ҳунармандони варзида, муаррифии намудҳои гуногуни маҳсулоти ҳунармандӣ ва дастгириву ҳавасмандгардонии ҳунармандони ватанӣ мусоидат менамояд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун бо диплом, сипоснома ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки озмун дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, доир мегардад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар пойтахт хатсайрҳои сайёҳии маърифатӣ ташкил карда шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд






