Хадамоти гумрук: дар Тоҷикистон воридот коҳиш, содирот афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 18.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти гумруки Тоҷикистон аз коҳиш ёфтани воридот ва афзоиши содирот хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон ба маблағи беш аз 1 миллиарду 246 миллион доллар молу маҳсулот ворид гардидааст. Маблағи умумии молҳои аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар содирот гардида 436, 3 миллион долларро ташкил медиҳад.
Тибқи оморҳои гумрукӣ, воридот дар ин давра ба маблағи 253,9 миллион доллар ё ба андозаи 16,9 фоиз коҳиш ёфтааст. Содирот бошад ба маблағи 17,7 миллион доллар ё 4,2 фоиз афзоиш ёфтааст.
Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб 18 июл дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе гуфт, ки дар ин давра коҳиш ёфтани ҳаҷми воридот ба як қатор омилҳо, аз ҷумла бӯҳрони молиявӣ дар бозори ҷаҳонӣ, вазъи сиёсии баъзе аз кишварҳои ҷаҳон, инчунин ба роҳ мондани истеҳсол ва афзоиши молу маҳсулоти ватанӣ, назири семент, қолин, гандум, ва маҳсулоти пластикӣ рабт дорад.
Абуфаттоҳи Ғоиб бо натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомоти гумруки кишвар дар зарфи шаш моҳи соли равон зикр кард, ки гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон беш аз 1 миллиарду 682 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 236 ,2 миллион доллар ё 12, 3 фоиз кам мебошад.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






