Идигул Қосимзода: «Барои пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирифтан корҳои фаҳмондадиҳӣ вусъат бахшида мешаванд»

Июль 14, 2017 09:28

ДУШАНБЕ, 14.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода зимни Ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумита, ки чанде қабл баргузор гардид, «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2017» маърӯза намуд.

Идигул Қосимзода оид ба арзишҳои фарҳангии миллати тоҷик, ба бар кардани либосҳои ғайри фарҳанги миллати тоҷик ва хотима бахшидан ба   зуҳуроти нангини бегонапарастӣ сухан карда, илова намуд: «Моро месазад, ҳарчи бештар сару либосҳои миллии духтарону бонувонро тарғиб намуда, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирифта, дар миёни занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем, зеро фарҳанг ҳастии миллат ва нишондиҳандаи урфу одат ва расму оин мебошад. Сатру ҳиҷоб ҳеҷ гоҳ моли миллати мо набуд ва мо занон набояд арзишҳои миллии худро зери по кунем».

Номбурда зикр намуд, ки Кумита фаъолияти худро дар асоси фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомнома  ва нақшаи кории Кумита ба роҳ мондааст.

«Ҳамзамон ҷиҳати иҷрои  супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар бахшида ба 10 — солагии амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  сардорони Раёсат ва мудирони шуъбаю бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва  шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вазифадор карда шуданд, ки тибқи нақшаи кории Кумита фаъолияти худро пеш баранд»,- илова намуд Идигул Қосимзода.

Зикр гардид, ки бо мақсади густариши ҳунарҳои пазандагӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии кадбонуҳои беҳтарин, аз қабили ҳунармандони таомҳои миллӣ ва замонавӣ ва ба ин васила тарғиби расму оинҳои миллӣ, ба роҳ мондани ҳунари кадбонугии бонувон, эҳёи таомҳои миллӣ, ҷалби бонувон  ба ҳунарҳои пазандагӣ ва тарғибу ташвиқи фарҳангу арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба хӯрокҳои милливу замонавӣ  ва омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона чорабиниҳои ташвиқотӣ ва тарғиботӣ баргузор карда шуданд ва дар оянда низ ба роҳ монда мешаванд.

Июль 14, 2017 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа