Идомаи нишастҳои матбуотӣ: Кумитаи телевизион ва радио оид ба ҷамъбасти нимсолаи аввал ҳисобот медиҳад
ДУШАНБЕ, 13.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 14 июли соли 2017 дар Душанбе роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкорӣ, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2017 бо намояндагони воситаҳои ахбори омма мулоқот мекунанд.
Нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радио соати 8:00 дар толори Академияи ВАО, нишасти матбуотии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо соати 9:00 дар бинои маъмурии муассисаи мазкур (кӯчаи Н. Қарабоев, 42/2) ва нишасти матбуотии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия соати 10:00 дар бинои нави Донишгоҳи мазкур баргузор карда мешаванд.
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ намояндагони васоити ахбори оммаро барои мулоқот соати 14:00 ба толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» даъват кардааст.
Хотиррасон менамоем, ки нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2011 ҳар сол ду маротиба гузаронида мешаванд.








Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






