Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Панҷакент кумак расонид

Июль 18, 2017 15:25

ДУШАНБЕ, 18.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. 17 июли соли равон Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ба 83 оила дар шаҳри Панҷакент, ки бар асари офати табиӣ-обхезӣ зарар дида буданд, кумак расонид. Кумакҳои мазкур аз кампал, болишт, рахти хоб, асбобҳои сохтмонӣ, бел, каланд, бастаи гигиенӣ, маводҳои ошхона ва  хӯрока иборат мебошанд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ҷамъияти мазкур хабар доданд.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон яке аз созмонҳои башардӯстона дар кишвар буда, дар ҳолатҳои зарурӣ ба мардуми ниёзманд кумак мерасонад. Ҳамин гуна кумакҳои ҶҲАТ бо дастгирии Ҳилоли Аҳмари Давлати Кувайт 22 апрели соли 2017 ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ВМКБ оғоз гардида буд. Кўмакҳои мазкур маводи озуқаворӣ ва ғайриозуқавориро дарбар гирифта, ба 900 оилаи ВМКБ, ки 7 декабри соли 2015 дар натиҷаи заминҷунбӣ зарар дида буданд, пешбинӣ гардида буд. Тақсимоти ин кумакҳо ба ин оилаҳо аз се марҳила иборат буда, марҳилаи ниҳоии он 20 майи соли 2017 ба анҷом расонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2016 то имрӯз кумакҳои аз шарикони рушд дар соҳаи дастгирии оилаҳо ҳангоми офатҳои табиӣ ҷалбнамудаи  ҶҲАТ зиёда аз  5 426 846   сомониро ташкил медиҳад.

Июль 18, 2017 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд