Имрӯз 11 июл, сешанбе, 192-юмин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 173 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Июль 11, 2017 11:11

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша    

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

11 июли соли 2009 дар шаҳри Душанбе мулоқоти хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс баргузор гардид. Зимни мулоқот масоили густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Латвия дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳарду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

***

Дар ин рӯзи соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмонро бо Ордени «3 Ситора дараҷаи 1» бо занҷираи зарин ва Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерсро бо Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 сарфароз гардониданд.

***

11 июли соли 2010 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қайроқум бо роҳбарият ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд.   Дар машварат натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии вилоят дар шашмоҳаи якуми соли равон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, нақшаю вазифаҳои минбаъда муайяну мушаххас карда шуда буданд.

***

5 сол пеш, 11 июли соли 2012 Президенти кишвар муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Боку-пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон бо Раиси Маҷлиси Миллии (Парлумони) Озарбойҷон Октай Асадов мулоқот намуд. Эмомалӣ Раҳмон рушди муносиботи шарикӣ бо Озарбойҷонро аз самтҳои афзали сиёсати хориҷии Тоҷикистон номида, таъкид доштанд, ки наздикии мавқеъҳои ду кишвар доир ба масоили мубрами ҷаҳони муосир заминаи мусоиди густариши робитаҳо мебошад.

11 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии нуфузи аҳолӣ.

***

Рӯзи байналмилалии шоколад.

 РӮЙДОДҲО:

11 июли соли 2003 дар асоси Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Марказ оид ба масъалаҳои минаҳои Тоҷикистон ифтитоҳ ёфтааст.

***

8 сол пеш, 11 июли соли 2009 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи навбатии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ оғоз гардида буд.

***

Дар ин рӯзи соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лабараторияи омӯзишии фурӯзонакҳои каммасраф сохта шудааст.

***

317 сол муқаддам, 11 июли соли 1700 дар Берлин Академияи илмҳои Олмон таъсис дода шудааст.

***

Инчунин 11 июли соли 1933 дар Женева Конвенсияи байналмилалӣ оид ба назорати маводи мухаддир созмон дода шудааст.

***

11 июли соли 2000 дар ИМА маълумот оид ба паҳн гардидани эпидемияи ВНМО (СПИД) нашр гардидааст.

***

11 июли соли 2006 дар натиҷаи таркиш дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Мумбайи Ҳиндустон 190 нафар ба ҳалокат расидаанд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

Соли 1890 аввалин маротиба дар таърихи Ҷопон интихоботи сиёсӣ баргузор гардидааст.

***

Соли 1950 дар Англия аввалин  барномаи машҳури кӯдаконаи телевизиони ББС «Andy Pandy» пахш шудааст.

***

Соли 1982  Италия маротиба сеюм Чемпиони ҷаҳон оид ба футбол шудааст. дар давраи финалӣ тими Олмонро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кардааст.

Июль 11, 2017 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш