ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 05.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати шаҳраки Зарнисори ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ҷамъоварии қулфинай оғоз гардидааст, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Хоҷагии деҳқонии Бобои Раҳматшо дорои 70 садяк замин буда, дар он гармхонаи муосир ташкил гардидааст. Дар ин гармхона қулфинай бо усули обёрии қатрагӣ парвариш меёбад.
Иброз гардид, ки даҳ сол мешавад, ки кишоварзони ин хоҷагӣ ба парвариши қулфинай машғул мебошанд. Кишоварзон навъҳои қулфинайи туркӣ ва амрикоиро парвариш менамоянд, ки дар бозорҳои истеъмолии мамлакат харидори зиёд доранд. Ба иттилои хоҷагидорон, навъи қулфинайи туркӣ пас аз ҷамъоварӣ дар шароити муътадил як ҳафта сифати худро метавонад нигоҳ дорад.
Роҳбари хоҷагии деҳқонӣ Раҳматшо Искандаров мебошад. Ҳарчанд бобои Раҳматшо 86-сола аст, вале ин пири рӯзгордида бо аҳли хонаводааш заҳмат кашида, на танҳо зиндагии шоистаи фарзандонро таъмин мекунад, балки барои сокинони маҳал низ шароити мусоиди корӣ фароҳам меорад, то дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ҳисса гузоранд.
Таъкид гардид, ки дар гармхонаҳо ниҳолҳо аз моҳи август парвариш ёфта, бо нуриҳои минералӣ таъмин мегарданд. Ҷамъоварии қулфинай аз моҳи октябр то нимаи моҳи май идома меёбад. Дар айни замон аз ин гармхона то 500 килограмм меваи тару тоза ҷамъоварӣ ва ба бозори истеъмолӣ пешниҳод мегардад. Дар хоҷагии деҳқонӣ 40 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шудаанд.
Ноҳияи Вахш бо парвариши қулфинайи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва хушсифат машҳур аст. Деҳқонон тамоми саъю талошашонро ба он равона кардаанд, ки ҳосили фаровон рӯёнанд.
Қулфинай сарчашмаи бойи витаминҳои А, В, С, Е ва минералҳои калий, фосфор, калтсий, магний, оҳан, йод ва манган мебошад. Мева дорои маҷмуи пурраи ҷузъҳои фаъоли биологие мебошад, ки ба организм таъсир мерасонанд, саломатиро пурқувват ва сар задани бемориҳои гуногунро пешгирӣ менамоянд.
Мунира АБДУРАСУЛОВА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»










Қоҳир Расулзода дар якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо рафти корҳои созандагӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ шинос шуд
Дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон» масъалаҳои татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуданд
Ба занони соҳибкору ҳунарманд грантҳои Раиси вилояти Суғд супорида шуданд
НОРАСОИИ ЧАНДИНСОЛАИ ОБИ ПОЛЕЗӢ. Ва ё чаро роҳбарони Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Рӯдакӣ ин мушкилиро сари вақт бартараф намекунанд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan 2026» доир мешавад
Таҳти унвони «Донишгоҳҳо – марказҳои нави ҷалби илм, соҳибкорӣ ва ҷомеа» Конфронси IV байналмилалии илмӣ-амалӣ доир мешавад
Вазъи иқлими сайёра соли 2026 аз меъёр берун меравад
Дар Бонки миллии Тоҷикистон давраи омӯзишӣ оид ба рушди ҳамкории касбӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон истеҳсоли барқ аз неругоҳҳои офтобӣ бештар гардидааст
Ҷаласаи 22-юми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Форуми III байналмилалии саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлургия доир мегардад
Парчам ҳамчун рамзи нангу номус, истиқлолият, давлатдорӣ ва муттаҳидии халқ мақоми хосса дорад






