Имрӯз 14 июл, ҷумъа, 195-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 170 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Июль 14, 2017 09:38

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша    

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

14 июли соли 2008 дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Пйер Морел масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардиданд.

***

8 сол пеш, 14 июли соли 2009 Сарвазири вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов намояндаи Бонки рушди Аврупоро ба ҳузур пазируфт. Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистонро бо ин институти иқтисодӣ мавриди муҳокаима қарор доданд.

***

  14 июли соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушовири калони ширкати «Чунтай-Шоҳроҳи нави абрешим»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Ян Ҷеро, ки бо фаъолияти сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзии ноҳияи мухтори Синзян-Уйғур машғул аст, ба ҳузур пазируфта буданд. Ли Ян Ҷе изҳор дошт, ки онҳо тасмим доранд дар Тоҷикистон истеҳсоли пахтаро бо истифода аз технологияҳои навтарини ҷаҳон дар ҳамкорӣ бо деҳқонону мутахассисони тоҷик ба роҳ монда, барои коркарди то 15 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр корхонаҳои гуногуни саноатӣ бунёд намоянд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи Директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ хонум Мариам Шерманро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ мавриди муҳокима қарор дода шуда, масъалаҳои тадқиқоти асосноккунии иқтисодию техникии барқарорсозии НБО-и Норак, дарёфт намудани маблағҳои иловагӣ барои Лоиҳаи таҷдиду барқаросозии нерӯгоҳи Норак, лоиҳаҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунии дарёҳо баррасӣ гардида буданд.

14 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Ироқ – Рӯзи табаддулот.

***

Дар Осетияи Ҷанубӣ – Рӯзи сулҳофарон.

***

Дар Франсия  иди асосии умумимиллӣ- Рӯзи ба даст овардани Бастилия.

РӮЙДОДҲО:

14 июли соли 2000 дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи байниҳукуматии Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди иқтисодии Осиёи Марказӣ баргузор  гардид.

 ***

Дар ин рӯзи соли 2009 дар варзишгоҳи «Металлург» чемпионати  дуюми назоратӣ-нақшавии Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олии  «Регар-ТадАЗ» бо клуби «Энергетик»- и Душанбе баргузор гардида буд.

***

Инчунин дар ин рӯзи соли 1976 дар Канада ҳукми қатл бекор карда шудааст.

***

Дар ин рӯзи соли 1976 дар Англия барои аз ҳад зиёд истифода кардани об ҷарима муайян карда шудааст.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1952 ширкати америкоии «Дженерал моторз» эълон намуд, ки аввалин маротиба дар ҷаҳон дар мошинҳо ҳавополо (кондиционер) насб кардааст.

***

Соли 1997 аввалин маротиба дар таърих барои  таъмир кардан толори хониши асосии Китобхона ҷамъиятии Ню-Йорк дарҳои он баста шуда буд.

 

 

Июль 14, 2017 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш