Имрӯз 5 июл, чоршанбе, 186-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 179 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
5 июли соли 2004 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Шоҳзода Шоҳкарим ал-Ҳусейнӣ Оғохони чаҳорум маҷмӯи васеи масъалаҳои вобаста ба ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хазинаи Оғохон баррасӣ гардиданд.
***
7 сол муқаддам, 5 июли соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон — шаҳри Остона дар ҷаласаи навбатии Шўрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар сатҳи сарони давлатҳо иштирок намудаанд. Зимни нишасти матбуотии сарони давлатҳо Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои ҳамоиши навбатӣ ва қарорҳои қабулшуда изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамчунин таъкид доштанд, ки Тоҷикистон барои густариши ҳамкории гуногунҷанбаи иқтисодӣ дар доираи ин созмон ҳавасманд аст.
***
5 июли соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар корхонаи нави пахтатозакуниро, ки бо технологияи нави каммасраф ва хушсифат муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ба истифода доданд. Корхона дар як сол то 20-25 ҳазор тонна пахтаро коркард намуда, нахи онро бо сифати баланд ҷудо мекунад.
***
Дар ин рӯзи соли соли 2013 дар бӯстонсарои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 279 нафар мактаббачагону донишҷӯёне, ки аз падар ва модар ятим мондаанд, вохӯрии самимӣ анҷом доданд. Роҳбари давлат ба ҳар яки онҳо кумаки моддӣ ва туҳфаҳои арзишманд тақдим намуда, ба хониши хубу аъло ва соҳиби касбу ҳунар шудан ҳидоят карданд.
5 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Венесуела – Рӯзи Истиқлолият.
***
Дар Аргентина – Рӯзи кӯдакон.
***
Дар Арманистон – Рӯзи Конститутсия.
***
Дар Украина – Рӯзи флоти ҳарбӣ-баҳрӣ.
РӮЙДОДҲО:
5 июли соли 2000 дар шаҳри Душанбе вохӯрии сарони давлатҳои СҲШ (Панҷгонаи Шанхай: Тоҷикистон, Россия, Хитой, Қазоқистон ва Қирғизистон) баргузор гардида буд.
***
Дар ин рӯзи соли 2004 дар шаҳри Душанбе аввалин бонки молиявии хурд ба истифода дода шудааст. Дар маросими ба истифода додани он Сарвазири вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ва Шоҳзода Шоҳкарим ал-Ҳусейнӣ Оғохони чаҳорум иштирок намуданд.
***
5 июли соли 1865 дар Лондон Созмони хайрияи «Артиши наҷот» ташкил карда шудааст.
***
Дар ин рӯзи соли 1865 Хадамоти ҷосусии ИМА таъсис ёфтааст.
***
99 сол муқаддам, 5 июли соли 1918 Ҳизби коммунистии Украина таъсис дода шудааст.
***
5 июли соли 1924 дар Париж маросими ботантанаи ифтитоҳи Бозиҳои ҳафтуми тобистонаи олимпӣ баргузор гардидааст.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1954 аввалин маротиба пахши барномаҳои хабарии телевизиони Би-Би-Сӣ ба роҳ монда шудааст.
***
Соли 1994 дар Хитой истифодаи меҳнати кӯдакон манъ карда шудааст.
***
Соли 1841 Томас Кук аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон агентии сайёҳӣ кушодааст.