Имрӯз 6 июл, панҷшанбе, 187-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 178 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
6 июли соли 2002 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Оқтави Ҷумҳурии Қазоқистон дар мулоқоти ғайрирасмии Сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Осиёи Марказӣ (СҲОМ) ширкат варзида буданд. Сарони чор давлати минтақа масъалаҳои инкишофи минбаъдаи ҳамкории бисёрҷонибаро дар доираи СҲОМ, дурнамои равандҳои ҳамгироӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.
***
6 июли соли 2004 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари исмоилиёни ҷаҳон Шоҳкарим ал-Ҳусайнӣ Оғохони чаҳорум ва ноиби Раиси Ҳукумати Интиқолии Исломии Афғонистон Неъматулло Шаҳронӣ дуюмин пул дар болои дарёи Панҷ ба истифода дода шуда буд, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон пайваст намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейк маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба ҳамкории Тоҷикистону Америка, аз ҷумла рушди ҳамкории иқтисодӣ дар соҳаҳои энергетика ва коммуникатсия, ки аҳамияти калони минтақавӣ дорад, баррасӣ намуданд.
***
2 сол пеш, 6 июли соли 2015 миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гуфтугӯи телефонӣ баргузор гардида буд. Зимни суҳбати гарму бародарона ибрози умед шуда буд, ки иртибототи дӯстона ва бисёр хуби ду кишвар дар оянда низ рушди матлуб касб намуда, ба нафъи мардумони Тоҷикистону Қазоқистон ва кулли минтақа хизмат хоҳанд кард.
6 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии кормандони кооператсия.
***
Дар Малави — Рӯзи Истиқлолият.
***
Дар Лесото – Рӯзи оила.
***
Дар Қазоқистон — Рӯзи пойтахт.
РӮЙДОДҲО:
6 июли соли 2004 хишти аввали Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гузошта шудааст.
***
6 июли соли 1885 аз ҷониби Луи Пастер, пизишк ва донишманди барҷастаи фаронсавӣ баъди озмоиш ваксина бар зидди як гўрўҳ бемориҳо мавриди истифода қарор гирифт. Бо кашфи ин ваксина бемории хавфноке, ки аз ҳайвонот ба инсон сироят мекунад, табобат карда шуданд.
***
Имрӯзи соли 1785 аввалин маротиба муомилоти пули миллии Америка (доллар) дар тамоми кишвар бо сабаби он, ки дар он сол истеҳсоли қоғазҳои дар он маблағ чопшаванда кам гардид, муваққатан қатъ карда шуд.
***
25 сол муқаддам, 6 июли соли 1992 Созишномаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Дар бораи воситаҳои огоҳкунанда оид ба ҳамлаи ракетавӣ ва идораи фазои кайҳонӣ» ба имзо расидааст.
***
6 июли соли 1863 дар Франсия калонтарин бонк бо номи «Crédit Lyonnais» ба истифода дода шудааст.
***
6 июли соли 2013 дар Сан-Франсиско аввалин маротиба садамаи ҳавопаймои Боинг- 777 ба амал омадааст.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2012 ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» аввалин парвози ҳавопаймояшро дар самти Душанбе-Деҳли-Душанбе роҳандозӣ кардааст.
***
Соли 1923 Конститутсияи Иттиҳоди Шӯравӣ ҳукми қонунро гирифт.