Имрӯз ҳарорати ҳаво дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ба 40 дараҷа мерасад
ДУШАНБЕ, 20.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 20 июл дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда боқӣ монда, дар баъзе минтақаҳо ҳарорат ба 40 дараҷа мерасад.
Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар ғарби вилоят 31-36 дараҷа ва дар шарқи он 19-24 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар вилояти Хатлон дар водиҳо 35-40 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, гармии аз 32 то 37 дараҷа дар назар дошта шудааст.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок гардида, ҳарорат дар водиҳо ба 33-38 дараҷа мерасад. Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат 36 – 38 дараҷаро ташкил медиҳад.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






