Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то ба 45 дараҷа мерасад

Июль 10, 2017 11:08

ДУШАНБЕ, 10.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 10 июл дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо ҳарорат то  ба 45 дараҷа мерасад.

Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар ғарби вилоят 28-33 дараҷа ва дар шарқи он  16-21 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар вилояти Хатлон дар водиҳо 40-45 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда шуда дар баъзе ҷойҳо боридани борон дар назар дошта шуда, ҳарорати ҳаво 37-42 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок гардида, ҳарорат дар водиҳо ба 38-43 дараҷа мерасад. Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, 40 — 42 дараҷа гарм мешавад.

Ёдовар бояд шуд, ки қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон сокинонро огоҳ карда буд, ки дар рӯзҳои гарм камтар зери шуоъи офтоб қарор бигиранд ва ҳангоми баромадан ба кӯча кулоҳ ё чатрашонро фаромӯш насозанд: «Бештар об истеъмол кунед, дар роҳҳо бодиққат бошед, чун маъмулан дар гармои шадид саломатӣ метавонад бад шавад. Дар хотир дошта бошед, ки аз ҳама зиёдтар пирон ва кӯдакон ба хатари гармо рӯ ба рӯ мешаванд. Ҳангоми оббозӣ ва истироҳат дар соҳилҳо эҳтиёткор бошед, қоидаҳои бехатарии будубош дар назди рӯдхонаҳо, каналҳо ва обанборҳоро риоя намоед».

Июль 10, 2017 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад