Имрӯз дар Душанбе ҳавои абрноки боронӣ пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 14.07.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 14 июл дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо боридани борон ва раъду барқ дар назар аст.
Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда ҳарорат дар ғарби вилоят 27-32 дараҷа ва дар шарқи он 16-21 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар вилояти Хатлон дар водиҳо 34-39дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани борон ва раъду барқ дар назар дошта шудааст. Ҳарорати ҳаво 30-35 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок гардида, борон меборад. Ҳарорат дар водиҳо ба 33-38 дараҷа мерасад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки боронӣ ва раъду барқ пешгӯӣ шуда, 35 — 37 дараҷа гарм мешавад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






