«ИНТИХОБИ МАН – МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ!»: машварати сайёр, намоиш ва фурӯши либосҳои мактабӣ дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 27.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Гулистони Душанбе» бо ташаббуси Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини шумораи бештари хонандагон бо либосҳои мактабии ватанӣ ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот машварати сайёр ва намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ таҳти унвони «Интихоби ман –маҳсулоти ватанӣ» доир гардид.
Дар машварати мазкур роҳбарони корхонаҳои дӯзандагии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
Сардори Раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав Шаҳзода Қаюмова зикр кард, ки бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 аз ҷониби корхонаю коргоҳҳои дӯзандагӣ бо назардошти бахши хусусӣ, тибқи маълумоти оморӣ дар ҷумҳурӣ 1 миллиону 7 ҳазор адад либоси мактабӣ истеҳсол карда шуд.
Номбурда таъкид намуд, ки истеҳсоли васеи либосҳои мактабӣ ва бачагона яке аз бахшҳои муҳими саноати дӯзандагӣ ба ҳисоб рафта, рушди минбаъдаи он метавонад барои таъсиси садҳо ҷойи нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда ва дар ин замина барои ғанӣ гардонидани буҷети ҷумҳурӣ таъсири мусбат расонад.
Намоиш–фурӯши либосҳои мактабӣ бори дигар аз он гувоҳӣ дод, ки сифати имрӯзаи либосҳои мактабии корхонаҳои ватанӣ аз молҳои хориҷии воридшаванда ба куллӣ фарқ намуда, нисбат ба онҳо хеле сифати хуб дошта, нархашон арзонтар аст.
Дар намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои ҷумҳурӣ ба харидорон пешниҳод гардид. Махсусан намунаи либосҳои мактабии истеҳсолнамудаи ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» писанди иштирокдорон ва харидорон гардид.
ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» дар самти коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ (дӯзандагӣ) фаъолияти истеҳсолӣ дошта, иқтидори солонаи корхона доир ба истеҳсоли матоъҳои пахтагӣ ва омехта зиёда аз 25 миллион метри мураббаъро ташкил медиҳад. Корхона имконият дорад корхонаю коргоҳҳои дӯзандагиро бо матоъ, ҷиҳати истеҳсоли либоси мактабӣ таъмин намояд.
Дар машварат ҳамчунин таъкид гардид, ки ҶСК «Гулистони Душанбе» низ метавонад дар ин соҳа саҳми сазовор гузорад, зеро иқтидори истеҳсолии корхона 12 миллион сомониро дар як сол ташкил медиҳад.
Баргузории машварати сайёр ва намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ таҳти унвони «Интихоби ман –маҳсулоти ватанӣ» имконият дод, ки ҳамкории корхонаҳои дӯзандагӣ ва муассисаҳои таълимӣ боз ҳам қавитару устувортар гардида, ба таъмини пурраи либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ мусоидат намояд.














Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






