«ИНТИХОБИ МАН – МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ!»: машварати сайёр, намоиш ва фурӯши либосҳои мактабӣ дар Душанбе

Июль 27, 2017 16:06

ДУШАНБЕ, 27.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Гулистони Душанбе» бо ташаббуси Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади  таъмини шумораи бештари хонандагон бо либосҳои мактабии ватанӣ  ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот машварати сайёр ва намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ таҳти унвони «Интихоби ман –маҳсулоти ватанӣ»  доир гардид.

Дар   машварати мазкур  роҳбарони корхонаҳои дӯзандагии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

Сардори Раёсати саноати сабук ва пиллаи  Вазорати  саноат ва технологияҳои нав  Шаҳзода Қаюмова зикр кард, ки  бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  соли 2016 аз ҷониби корхонаю коргоҳҳои дӯзандагӣ бо назардошти бахши  хусусӣ, тибқи маълумоти оморӣ дар ҷумҳурӣ 1 миллиону 7 ҳазор адад либоси  мактабӣ истеҳсол карда шуд.

Номбурда таъкид намуд, ки истеҳсоли васеи либосҳои мактабӣ ва бачагона яке аз бахшҳои муҳими саноати дӯзандагӣ ба ҳисоб рафта, рушди минбаъдаи он метавонад барои таъсиси садҳо ҷойи нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда ва дар ин замина барои ғанӣ гардонидани буҷети ҷумҳурӣ таъсири мусбат расонад.

Намоиш–фурӯши либосҳои мактабӣ бори дигар аз он гувоҳӣ дод, ки   сифати имрӯзаи либосҳои мактабии корхонаҳои ватанӣ аз молҳои хориҷии воридшаванда ба куллӣ фарқ намуда, нисбат ба онҳо хеле сифати хуб дошта, нархашон арзонтар аст.

Дар намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои ҷумҳурӣ ба харидорон пешниҳод гардид. Махсусан  намунаи либосҳои мактабии истеҳсолнамудаи  ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» писанди иштирокдорон ва харидорон гардид.

ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд»  дар самти коркарди нахи пахта то маҳсулоти  ниҳоӣ  (дӯзандагӣ) фаъолияти истеҳсолӣ дошта, иқтидори солонаи корхона доир ба истеҳсоли матоъҳои пахтагӣ ва омехта зиёда аз 25 миллион метри мураббаъро ташкил медиҳад. Корхона  имконият дорад корхонаю коргоҳҳои дӯзандагиро бо матоъ, ҷиҳати истеҳсоли либоси мактабӣ таъмин намояд.

Дар машварат ҳамчунин таъкид гардид, ки ҶСК «Гулистони Душанбе» низ метавонад дар ин соҳа саҳми сазовор гузорад, зеро иқтидори истеҳсолии корхона 12 миллион сомониро дар як сол ташкил медиҳад.

Баргузории машварати сайёр ва намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ таҳти унвони «Интихоби ман –маҳсулоти ватанӣ»  имконият дод, ки ҳамкории корхонаҳои дӯзандагӣ ва муассисаҳои таълимӣ боз ҳам қавитару устувортар гардида, ба таъмини пурраи либоси мактабии  истеҳсоли  ватанӣ  мусоидат  намояд.

IMG_0546

Июль 27, 2017 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ таҳти унвони «Наҷоти сайёр» дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз шуд
ҲАВАСМАНДИИ ОМӮЗГОРОН. Давоми 18 сол 3394 нафар омӯзгорони ҷавон дар вилояти Хатлон соҳиби замин гардиданд
Доир ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар шаҳри Хоруғ конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд