«Истиқлол» бозии дуюми санҷиширо бо дастаи «Машъал» мусовӣ анҷом дод

Июль 28, 2017 11:10

ДУШАНБЕ, 28.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе- чемпиони  Тоҷикистон бозии  дуюмашро дар шаҳри Тошканд бо дастаи  лигаи олии   Ӯзбекистон –«Машъал»-и  Муборак бо ҳисоби  мусовии 1:1 анҷом дод.  Ин бозии санҷишӣ дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии    «Истиқлол» 27 июл дар варзишгоҳи Донишкадаи нақлиёти Ӯзбекистон барпо гардид.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳисобро дар ин бозии санҷишӣ дар дақиқаи 9-ум аз ҷаримаи 11-метрӣ Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари дастаи  «Истиқлол» боз кард. Дар нимаи дуюми вохӯрӣ дар дақиқаи 57-ум Никита Павленко ҳисобро баробар намуд.

Хотиррасон менамоем, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии аввали санҷишӣ  аз дастаи  лигаи олии   Ӯзбекистон – «Нефтчӣ»-и Фарғона бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда буд. Ин бозии санҷишӣ дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии   «Истиқлол» 25 июл дар варзишгоҳи «Дӯстлик»-и пойтахти Ӯзбекистон барпо гардид.

Ба иттилои манбаъ, 29 июл дастаи футболи   «Истиқлол»-и Душанбе  дар Тошканд боз бо дастаи  дигари лигаи олии   Ӯзбекистон- «Металлург»-и Бекобод бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.

Дастаи «Истиқлол» таҳти раҳбарии сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев ба даври дуюми чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ва бозиҳои даври нимфиналӣ бо ғолиби минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ омодагӣ мебинад.

Ёдовар мешавем, ки  бар асоси қуръакашии бозиҳои нимфиналии байниминтақавии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки ғолиби минтақаи Осиёи Марказӣ гардидааст, дар даври нимфиналӣ бо ғолиби минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ рақобат мекунад.

Дар бозии аввали нимфиналии байниминтақавии Ҷоми AFC-2017 «Истиқлол» 22 август дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ғолиби ҷуфти «Хоум Юнайтед» – «Серес» рӯбарӯ хоҳад шуд.

Бозии ҷавобӣ 12 сентябр ё дар Сингапур ва ё дар Филиппин баргузор мешавад.

Июль 28, 2017 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид