Кӯлоб: фестивал-озмунҳо чеҳраҳои навро рӯи саҳна меоранд
КӮЛОБ, 26.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар нишасти матбуотии бахши раёсати фарҳанги вилояти Хатлон дар минтақаи Кўлоб бо доираи васеи хабарнигорон масъулон аз бурду бохти фарҳангиёни минтақа дар шаш моҳи соли 2017 сухан гуфтанд. Дар ин бора хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Зикр шуд, ки соли 2017 дар ҳаёти фарҳангии минтақа дигаргуниҳо ба вуқӯъ пайвастаанд. Ҳоло шуъбаҳои фарҳанг ба хотири иштирок дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Бӯстон-2017», ки бо ибтикори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли ҷавонон рӯи кор омадааст ва мақсади асосии он дарёфти истеъдодҳои ҷавон мебошад, омодагӣ мегиранд.
Дар минтақаи Кўлоб сабти ин барномаи ҳунарӣ аз 21 то 30 июл идома меёбад ва кор дар ин самт хуб ҷараён дорад. Илова карда шуд, ки маҳз эълон гардидани озмуни мазкур доираи васеи ҷавонону наврасонро ба шуъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо овардааст.
Кормандони бахши раёсати фарҳанги минтақаи Кўлоб дар нишасти матбуотӣ иброз доштанд, ки маҳз ҳамин гуна фестивал-озмунҳо чеҳраҳои навро рӯи саҳна меоранд ва дар оянда муаррифгари фарҳангу санъати тоҷик мегарданд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






