Кӯлоб: фестивал-озмунҳо чеҳраҳои навро рӯи саҳна меоранд

Июль 26, 2017 16:15

КӮЛОБ, 26.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар нишасти матбуотии бахши раёсати фарҳанги вилояти Хатлон дар минтақаи Кўлоб бо доираи васеи хабарнигорон масъулон аз бурду бохти фарҳангиёни минтақа дар шаш моҳи соли 2017 сухан гуфтанд. Дар ин бора хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Зикр шуд, ки  соли 2017 дар ҳаёти фарҳангии минтақа дигаргуниҳо ба вуқӯъ пайвастаанд. Ҳоло шуъбаҳои фарҳанг ба хотири иштирок дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Бӯстон-2017», ки бо ибтикори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли ҷавонон рӯи кор омадааст ва мақсади асосии он дарёфти истеъдодҳои ҷавон мебошад, омодагӣ мегиранд.

Дар минтақаи Кўлоб сабти ин барномаи ҳунарӣ аз 21 то 30 июл идома меёбад ва кор дар ин самт хуб ҷараён дорад. Илова карда шуд, ки маҳз эълон гардидани озмуни мазкур доираи васеи ҷавонону наврасонро ба шуъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо овардааст.

Кормандони бахши раёсати фарҳанги минтақаи Кўлоб дар нишасти матбуотӣ иброз доштанд, ки маҳз ҳамин гуна фестивал-озмунҳо чеҳраҳои навро рӯи саҳна меоранд ва дар оянда муаррифгари фарҳангу санъати тоҷик мегарданд.

Июль 26, 2017 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад