«Кайҳон» дарҳояшро ба рӯи кӯдакон боз намуд
ДУШАНБЕ, 03.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 100 нафар фарзандони кормандони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе таътили худро дар лагери тобистонаи «Кайҳон», ки дар дараи зебоманзар ва хушбодуҳавои Ромит воқеъ аст, мегузаронанд.
Инчунин дар лагери «Кайҳон» дар радифи фарзандони кормандони ҶСК Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 15 нафар тарбиятгирандагони Хона –интернати ноҳияи Шаҳринав ба таври ройгон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд.
Дар маросими ифтитоҳи мавсими нави лагери тобистонаи «Кайҳон» раиси Иттифоқи касабаи ҶСК Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Гулчеҳра Ҷалолова иштирок намуда, аз номи роҳбарият наврасонро ба мавсими нави истироҳат табрик намуда, ба онҳо истироҳати хуш таманно намуд.
Назар ба иттилои котиби матбуотии ҶСК Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Ҷамила Ҳусейнова, дар лагери тобистонаи «Кайҳон» тамоми шароит барои истироҳату фароғати кӯдакону наврасон фароҳам оварда шудааст. Кӯдакону наврасон дар як рӯз чор маротиба бо хӯроки гарм таъмин гардида, барои хушу гуворо гузаштани таътили тобистонаи бачаҳо бозиҳои гуногуни шавқовари варзишӣ, оббозӣ ва барномаҳои фарҳангӣ ташкил карда мешаванд.









Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






