«Кайҳон» дарҳояшро ба рӯи кӯдакон боз намуд

Июль 3, 2017 15:04

 ДУШАНБЕ, 03.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 100 нафар фарзандони кормандони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе  таътили худро дар  лагери тобистонаи «Кайҳон», ки дар  дараи зебоманзар  ва хушбодуҳавои Ромит воқеъ аст,  мегузаронанд.

Инчунин дар лагери  «Кайҳон» дар радифи  фарзандони  кормандони ҶСК Фурудгоҳи байналмилалии  Душанбе    15 нафар  тарбиятгирандагони  Хона –интернати ноҳияи Шаҳринав ба таври ройгон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд.

Дар маросими ифтитоҳи мавсими нави лагери  тобистонаи «Кайҳон» раиси Иттифоқи касабаи ҶСК  Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Гулчеҳра Ҷалолова иштирок намуда, аз номи роҳбарият наврасонро  ба мавсими нави истироҳат табрик намуда, ба онҳо истироҳати хуш таманно намуд.

Назар ба иттилои  котиби матбуотии ҶСК Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Ҷамила Ҳусейнова,  дар лагери тобистонаи «Кайҳон» тамоми шароит барои истироҳату фароғати кӯдакону наврасон  фароҳам оварда шудааст. Кӯдакону наврасон дар як рӯз чор маротиба бо хӯроки гарм таъмин гардида, барои хушу гуворо гузаштани таътили  тобистонаи бачаҳо  бозиҳои гуногуни шавқовари варзишӣ, оббозӣ ва барномаҳои фарҳангӣ  ташкил карда мешаванд.

Лагери Кайхон

Июль 3, 2017 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод