КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»: «Барои бо сифати хубтар ба роҳ мондани хизматрасониҳои коммуналӣ 800 адад техникаи махсус лозим аст»

Июль 13, 2017 13:35

ДУШАНБЕ, 13.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»  оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2017 бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ доир  гардид.

Дар нишаст  муовини якуми директори генералии корхонаи  мазкур Равшан Тӯйчизода зикр кард, ки  таъмини  корхонаҳои коммуналӣ бо  техникаи  махсус  яке  аз камбудиҳои асосии  соҳа  маҳсуб мешавад.  Номбурда  илова намуд, ки  аз 867  адад   техникаҳои махсуси  коммуналӣ, ки дар мувозинати корхонаҳои соҳа қарор доранд, 576 адад коршоям ва 291 ададашон  корношоям мебошанд.

Равшан Тӯйчизода ҳамчунин таъкид намуд, ки  барои бо сифати хубтар ба роҳ мондани хизматрасониҳои коммуналӣ ва қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни истифодабарандагон  дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва аҳолии деҳот  мувофиқи ҳисобҳо ва меъёрҳои амалкунанда  харидани зиёда аз 800 адад техникаҳои махсус лозим мебошад, ки  дар пайи роҳандозии он тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Дар нишаст ҳамчунин зикр гардид, ки  КВД  «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»  баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳуии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ  барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017 -2018»  як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла 1000 метри мураббаъ боми хонаҳои истиқоматӣ, 70,3 км қубурҳои оби нӯшокӣ, 5,8 ҳазор метри мураббаъ  роҳу роҳравҳо, 13, 9 ҳазор километр  хатҳои барқро таъмир кардааст. 15 адад дару тирезаҳо таъмир ва 63 метри мураббаъ  шишабандӣ намуда, 62 адад таҳхонаҳоро аз об тоза кардаанд. Корҳо дар ин самт идома дошта,  миқдори зиёди маводи сӯзишвории моеъ ва  зидди лағжиш   низ захира гардидааст.

Июль 13, 2017 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад