КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»: «Барои бо сифати хубтар ба роҳ мондани хизматрасониҳои коммуналӣ 800 адад техникаи махсус лозим аст»
ДУШАНБЕ, 13.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2017 бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ доир гардид.
Дар нишаст муовини якуми директори генералии корхонаи мазкур Равшан Тӯйчизода зикр кард, ки таъмини корхонаҳои коммуналӣ бо техникаи махсус яке аз камбудиҳои асосии соҳа маҳсуб мешавад. Номбурда илова намуд, ки аз 867 адад техникаҳои махсуси коммуналӣ, ки дар мувозинати корхонаҳои соҳа қарор доранд, 576 адад коршоям ва 291 ададашон корношоям мебошанд.
Равшан Тӯйчизода ҳамчунин таъкид намуд, ки барои бо сифати хубтар ба роҳ мондани хизматрасониҳои коммуналӣ ва қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни истифодабарандагон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва аҳолии деҳот мувофиқи ҳисобҳо ва меъёрҳои амалкунанда харидани зиёда аз 800 адад техникаҳои махсус лозим мебошад, ки дар пайи роҳандозии он тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Дар нишаст ҳамчунин зикр гардид, ки КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳуии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017 -2018» як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла 1000 метри мураббаъ боми хонаҳои истиқоматӣ, 70,3 км қубурҳои оби нӯшокӣ, 5,8 ҳазор метри мураббаъ роҳу роҳравҳо, 13, 9 ҳазор километр хатҳои барқро таъмир кардааст. 15 адад дару тирезаҳо таъмир ва 63 метри мураббаъ шишабандӣ намуда, 62 адад таҳхонаҳоро аз об тоза кардаанд. Корҳо дар ин самт идома дошта, миқдори зиёди маводи сӯзишвории моеъ ва зидди лағжиш низ захира гардидааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт чор иншооти нав ба истифода дода шуд
Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориро бо 67 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад






