Муҳаққиқони Тоҷикистон метавонанд аз барномаи “Фулбрайт” истифода кунанд
ДУШАНБЕ, 01.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Барномаи “Фулбрайт” муҳаққиқону донишмандони шинохтаи Тоҷикистонро ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои анҷом додани таҳқиқоти илмӣ дар донишгоҳҳои ИМА ба муддати як сол даъват намудааст. Муҳаққиқони Тоҷикистон аз барномаи амрикоии “Фулбрайт”, ки барои соли таҳсили 2018-2019 пешбинӣ шудааст, истифода хоҳанд кард.
Хотиррасон менамоем, ки ин барномаи грантии таълимӣ ҳанӯз аз соли 1946 бо пешниҳоди сенатори штати Арканзас Ҷеймс Вилям Фулбрайт таъсис дода шуда, мақсади асосӣ таҳкими алоқаҳои фарҳангию илмии Амрико бо дигар кишварҳо мебошад. 43 нафар хатмкардагони барномаи таълимии Фулбрайт соҳиби ҷоизаи Нобел гардидаанд.
Тибқи талаботи барнома, шахсоне шомили барномаи мазкур шуда метавонанд, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар вақти супоридани ҳуҷҷатҳо дар Тоҷикистон истиқомат менамоянд ва дорои унвони докторӣ ё дигар унвони илмӣ ҳастанд.
Корҳои тадқиқотӣ мавзӯъҳои кишоварзӣ, фарҳанг, риёзӣ, таърих, адабиёт, маориф, муҳандисӣ, фалсафа, инсоншиносӣ, омӯзиши муҳити зист, физика, ситорашиносӣ, бостоншиносӣ, ҷуғрофия, равоншиносӣ, санъатшиносӣ, заминшиносӣ, мудирияти умумӣ, тандурустӣ ҷамъиятӣ-глобалӣ, илмҳои биология, иттилоот, мудирияти касбу кор, хабарнигорӣ, корҳои ҷамъиятӣ, забон, адабиёт, ҷамъиятшиносӣ, иртиботот, қонуншиносӣ, омӯзгори забони англисӣ, забоншиносӣ, омӯзиши компютер, китобдорӣ, театр, ҳунари нависандагӣ, барномарезии шаҳрӣ ва кимёро дарбар мегиранд. Яъне довталабон бояд мавзӯи дақиқи тадқиқотиро барои донишгоҳи ИМА дошта бошанд.
Ҳамчунин довталабон бояд қобилияти муаррифӣ намудани Тоҷикистонро дошта бошанд ва забони англисиро хуб донанд. Маблағи хароҷоти сафарро аз Тоҷикистон ба Амрико ва бозгашт ба Тоҷикистон, идрорпулӣ дар ИМА ва суғуртаи тиббиро Барнома пардохт менамояд.
Хоҳишмандон намунаи уҷҷатҳои заруриро дар шакли электронӣ метавонанд аз суроғаи зерин дастрас намоянд: hhttps://apply.embark.com/student/fulbright/scholars/. Инчунин довталабон барои маълумоти иловагӣ метавонанд тавассути рақамҳои (+992 37) 229 23 14 ё суроғаи электронии FulbrightTajikistan@state.gov тамос гиранд.
Муҳлати ниҳоии ҳуҷҷатсупорӣ то 2 октябри соли 2017 муқаррар шудааст.








АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад






