Муҳаққиқони Тоҷикистон метавонанд аз барномаи “Фулбрайт” истифода кунанд

Июль 1, 2017 11:07

ДУШАНБЕ, 01.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Барномаи “Фулбрайт” муҳаққиқону донишмандони шинохтаи Тоҷикистонро ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои анҷом додани таҳқиқоти илмӣ дар донишгоҳҳои ИМА ба муддати як сол даъват  намудааст. Муҳаққиқони Тоҷикистон аз барномаи амрикоии “Фулбрайт”, ки барои соли таҳсили 2018-2019 пешбинӣ шудааст,  истифода хоҳанд кард.

Хотиррасон менамоем, ки ин барномаи грантии таълимӣ  ҳанӯз аз соли 1946 бо пешниҳоди сенатори штати Арканзас Ҷеймс Вилям Фулбрайт таъсис дода шуда, мақсади асосӣ таҳкими алоқаҳои фарҳангию илмии Амрико бо дигар кишварҳо мебошад. 43 нафар хатмкардагони барномаи таълимии Фулбрайт   соҳиби ҷоизаи Нобел гардидаанд.

Тибқи талаботи барнома, шахсоне шомили барномаи мазкур шуда метавонанд, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар  вақти супоридани ҳуҷҷатҳо дар Тоҷикистон истиқомат менамоянд   ва дорои унвони докторӣ  ё дигар унвони илмӣ  ҳастанд.

Корҳои тадқиқотӣ мавзӯъҳои кишоварзӣ, фарҳанг, риёзӣ, таърих, адабиёт, маориф,     муҳандисӣ, фалсафа, инсоншиносӣ, омӯзиши муҳити зист, физика, ситорашиносӣ, бостоншиносӣ, ҷуғрофия, равоншиносӣ, санъатшиносӣ, заминшиносӣ, мудирияти умумӣ, тандурустӣ ҷамъиятӣ-глобалӣ, илмҳои биология, иттилоот,   мудирияти касбу кор, хабарнигорӣ, корҳои ҷамъиятӣ, забон, адабиёт,   ҷамъиятшиносӣ, иртиботот, қонуншиносӣ, омӯзгори забони англисӣ, забоншиносӣ, омӯзиши компютер, китобдорӣ, театр, ҳунари нависандагӣ, барномарезии шаҳрӣ ва кимёро дарбар мегиранд.  Яъне довталабон бояд мавзӯи дақиқи тадқиқотиро барои донишгоҳи ИМА дошта бошанд.

Ҳамчунин довталабон  бояд қобилияти муаррифӣ намудани Тоҷикистонро дошта бошанд ва забони англисиро хуб донанд.  Маблағи хароҷоти сафарро аз Тоҷикистон ба Амрико ва бозгашт ба Тоҷикистон, идрорпулӣ дар ИМА ва  суғуртаи тиббиро Барнома пардохт менамояд.

Хоҳишмандон намунаи уҷҷатҳои заруриро дар шакли электронӣ метавонанд аз суроғаи зерин дастрас намоянд:  hhttps://apply.embark.com/student/fulbright/scholars/. Инчунин довталабон  барои маълумоти иловагӣ  метавонанд   тавассути рақамҳои (+992 37) 229 23 14 ё суроғаи электронии FulbrightTajikistan@state.gov тамос гиранд.

Муҳлати ниҳоии ҳуҷҷатсупорӣ то 2 октябри соли 2017 муқаррар шудааст.

Июль 1, 2017 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди 4 муассисаи таълимӣ ноҳияи Рӯдакӣ хонаи хизматии омӯзгорон бунёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои баргузории Фестивали бозиҳои варзиши миллӣ оғоз гардиданд
Ҷаласаи 6-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳифзи муҳити зист доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид
«ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!». Дар шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд
Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд
Дар шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд «Гӯшаи китобҳои гӯё» ташкил гардид