Муколама атрофи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ
ДУШАНБЕ, 24.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар мулоқоти ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муколамаи ошкоро атрофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сурат гирифт, ки барои ҷонибҳо хеле муфид арзёбӣ гардид.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, дар рӯзномаи мулоқот ду масъала-ҷараёни татбиқи «Стратегия миллии ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷой дода шуда буд.
Сардори раёсати Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Ҳусейн Шокиров зикр намуд, ки соли равон 10-солагии қабули қонуни мазкурро таҷлил намудем. Мавсуф онро як рӯйдоди таърихӣ дар Истиқлолияти кишвар номид ва гуфт, ки қабули ва татбиқи амалии он натиҷаҳои мусбатро дар зиндагии мардум ба бор овард.
Сармутахассиси Кумитаи мазкур Нигина Ризоева ба ҷанбаҳои ҳуқуқии қонуни мазкур таваҷҷуҳ намуда, бо овардани мисолҳои дақиқ муҳим будани нақши занон дар татбиқи минбаъдаи онро зикр кард.
Нигина Ризоева ҳамчунин дар бораи нақши муҳим ва созанда будани кори Комиссияҳои ҷамъиятӣ ҳарф зад. Номбурда бо таассуф қайд намуд, ки дар фаъолияти Комиссия дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ як қатор камбудиҳо ошкор карда шуд.
Дар интиҳо миёни ширкаткунандагон ва меҳмонон табодули афкор сурат гирифт ва ҳайати шахсӣ дар атрофи риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» андешаҳои худро баён намуданд.








Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд






