Муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни Душанбе ва Токио ба роҳ монда мешаванд
ДУШАНБЕ, 17.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки ояндаи наздик муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни Душанбе ва Токио ба роҳ монда шаванд. Дар ин бора зимни мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Ҳамрохон Зарифӣ бо Губернатори Токио Юрико Коикэ, ки 14 июл баргузор гардид, ибрози назар карда шудааст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот ҳамчунин зикр гардидааст, ки соли равон ҳарду кишвар 25-умин солгарди барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷопонро ҷашн мегиранд. Ҳамрохон Зарифӣ ва Губернатори Токио Юрико Коикэ таваҷҷуҳи худро ба тақвият ва таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самтҳои гуногун зоҳир намуданд.
Дар партави бозиҳои дарпешистодаи олимпӣ ва параолимпии соли 2020 дар Токио ҷонибҳо оид ба масоили марбут ба варзиш ва саҳми муштарак дар рушди ҳамкорӣ дар ин соҳа табодули афкор намуданд. Тарафҳо ба мувофиқа омаданд, ки дар соҳаи варзиш чорабиниҳои муштарак баргузор намоянд.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






