Муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни Душанбе ва Токио ба роҳ монда мешаванд

Июль 17, 2017 15:25

ДУШАНБЕ, 17.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки ояндаи наздик муносибатҳои бародаршаҳрӣ  миёни  Душанбе ва Токио ба роҳ монда шаванд. Дар ин бора зимни мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Ҳамрохон Зарифӣ бо Губернатори Токио Юрико Коикэ, ки 14 июл баргузор гардид,  ибрози назар карда  шудааст.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии  Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот ҳамчунин зикр гардидааст, ки соли равон ҳарду кишвар 25-умин солгарди барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷопонро ҷашн мегиранд. Ҳамрохон Зарифӣ ва Губернатори Токио Юрико Коикэ таваҷҷуҳи худро ба тақвият ва таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самтҳои гуногун зоҳир намуданд.

Дар партави бозиҳои дарпешистодаи олимпӣ ва параолимпии соли 2020 дар Токио ҷонибҳо оид ба масоили марбут ба варзиш ва саҳми муштарак дар рушди ҳамкорӣ дар ин соҳа табодули афкор намуданд. Тарафҳо ба мувофиқа омаданд, ки дар соҳаи варзиш  чорабиниҳои муштарак баргузор намоянд.

 

Июль 17, 2017 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор гектар шолӣ кишт шудааст
Дар «Ҳамсафар» 300 нафар хонандагон ба истироҳат ҷалб гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Дар назди 4 муассисаи таълимӣ ноҳияи Рӯдакӣ хонаи хизматии омӯзгорон бунёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои баргузории Фестивали бозиҳои варзиши миллӣ оғоз гардиданд
Ҷаласаи 6-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳифзи муҳити зист доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид
«ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!». Дар шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд