Намоишгоҳи молу маҳсулоти ширкатҳои Ҳиндустон дар Хуҷанд

Июль 28, 2017 15:15

ДУШАНБЕ, 28.07.2017. /АМИТ «Ховар»/ 20 ширкати ҳиндустонӣ ду рӯз инҷониб дар бинои Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ маҳсулоти нассоҷӣ, ҷавоҳирот, маҳсулоти ороишотӣ, атриёт ва дигар молу колои худро пешкаши мардуми вилояти Суғд намудаанд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  баргузории намоишгоҳ дар доираи ҳамкории судманди ҷонибҳо сурат гирифта, ба хотири наздик намудани аҳли тиҷорат, пайдо намудани шарикони боэътимод ва мустаҳкам намудани дӯстӣ миёни халқҳои ду кишвар роҳандозӣ шудааст.

Бояд зикр кард, ки намоишгоҳи мазкур соли чорум аст, ки дар вилоят баргузор мешавад.

Ёдрас мешавем, ки намоишгоҳ 26 июл оғоз ёфта, то 8 август идома меёбад.

Июль 28, 2017 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа