Насим Олимзода: «Дар Тоҷикистон бемории диабети қанд рӯ ба афзоиш овардааст»

Июль 13, 2017 09:27

ДУШАНБЕ, 13.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 ҳазору 191 нафар гирифторони бемории диабети қанд ба қайд гирифта шудаанд, аз онҳо 6 ҳазору 758 нафар вобастаи инсулин (доруи асосии зидди диабети қанд) мебошанд.

Дар ин бора дирӯз Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода  ба хабарнигорон иттилоъ дод.

«Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми кишварҳои ҷаҳон бемории диабети қанд рӯ ба афзоиш овардааст. Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт корҳои зиёд ба анҷом расонида,  соли равон зиёда аз 3, 5 миллион сомонӣ барои харидорӣ ва таъмини инсулин ҷудо гардидааст»,-иброз намуд Насим Олимзода.

Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тиб, бемориҳои сироятӣ, истеъмоли нодурусти хӯрок ва фарбеҳӣ  аз сабабҳои асосии пайдоиши бемории диабети қанд ба ҳисоб мераванд.

Ҳоло дар Тоҷикистон 769 нафар  кӯдак гирифтори бемории диабети қанд буда, вобастаи инсулин мебошанд.

Июль 13, 2017 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд