Номҳои Асмоа ва Облоқул рад карда шуданд. «Фарҳанги номҳои миллии тоҷикӣ» ба нашр мерасад
ДУШАНБЕ, 31.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли равон «Фарҳанги номҳои миллии тоҷикӣ»-ро ба нашр мерасонад. Ин нуктаро имрӯз Раиси Кумита Гавҳар Шарофзода зимни нишасти матбуотӣ дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» баён дошт.
Ба гуфтаи Гавҳар Шарофзода, дар назди Кумита гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки ҳайати он ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон барои номгузории фарзандон ва дар «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» мавҷуд набудани номи интихобнамудаи онҳо хулоса пешниҳод менамояд. «Дар нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби гурӯҳи кории Кумита ба 26 адад муроҷиати шаҳрвандон барои номгузории фарзандонашон хулоса пешниҳод гардид, ки ба ду муроҷиати он хулосаи рад дода шуд. Илова бар ин, дар ин муддат аз ҷониби кормандони Кумита ба 7 нафар муроҷиаткунанда оид ба дуруст навиштани ному насаби тоҷикӣ хулоса пешниҳод гардид»,- изҳор дошт Гавҳар Шарофзода.
Иттилоъ дода шуд, ки барои гузоштани номҳои Асмоа ва Облоқул хулосаи рад дода шуд. Ин номҳо бинобар сабаби маънои мушаххасро баён надоштан аз ҷониби гурӯҳи корӣ рад карда шуданд.








Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ






