Нуробод: 40 нафар бонувони хонанишин ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд

Июль 28, 2017 10:35

НУРОБОД, 28.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Нуробод  аз ҳисоби соҳибкорон ва ташкилоту корхонаҳои ноҳия то имрӯз 4 адад коргоҳи дӯзандагӣ,  5 адад коргоҳи  қолинбофии хурди дастӣ ва 3 адад маркази адрасбофӣ дар  ҷамоатҳои деҳоти Ҳакимӣ, Комсомолобод ва шаҳраки Дарбанд  ба истифода дода шудаанд, ки айни замон  23 нафар бонувони  хонанишини ҷамоатҳои мазкур  дар онҳо фаъолият доранд. Ба иттилои сардори  шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии   ноҳияи Нуробод Абдуҳалим Суфизода, ин амал ҷиҳати  иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҳандозӣ гардид.

Ба иттилои мавсуф, рушди қолинбофӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла   қуроқдузӣ,  бофандагӣ, гулдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ,  зардӯзӣ,  адрасбофӣ,  ҷомадӯзӣ,  бофандагӣ, маҳсулоти пашмӣ,  кешбофӣ,  сабадбофӣ ва  тоқидӯзӣ талаби замон ва амри   зарурӣ буда, талабот ба қолини дастии тайёркардашуда хеле зиёд мебошад.

Ҳамзамон шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар  ноҳияи Нуробод  дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои давлатии таълими калонсолон дар ноҳияҳои Тоҷикобод, Сангвор ва Маркази модулии шаҳри Душанбе ҷиҳати ба касбомӯзӣ фаро гирифтани занони бекор аз ҳисоби роҳхатҳои Барномаи мусоидат бо шуғли аҳолӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот  40 нафар бонувони  хонанишинро ба омӯзиши  қолинбофии дастӣ ва адрасбофӣ    ҷалб намуд.

Июль 28, 2017 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид