Қосим Роҳбар: «Қонуни танзим ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод»

Июль 18, 2017 11:49

ДУШАНБЕ, 18.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки имсол аз қабули он 10 сол сипарӣ гардид,  ҷаласа баргузор шуд.

Тавре аз Кумитаи рушди маҳал хабар доданд, раиси Кумита Қосим Роҳбар дар партави суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии мамлакат,  ки 11 июли соли 2017  баргузор шуд, фикру мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои худро иброз дошт.

Қосим Роҳбар зикр намуд, ки бо гузашти як даҳсола маълум шуд, ки қонуни мазкур барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошт, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим даровард, анъана ва маросиму ҷашнҳои миллиро мушаххасу дақиқ намуд, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравиро гирифт ва ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод.

Пешвои миллат дар мулоқоти зикршуда изҳор доштанд, ки қисме аз маросиму маъракаҳо бо сабаби  серхарҷ буданашон боиси ба вуҷуд омадани зуҳуроти манфӣ дар ҷомеа гардида, ба оилаҳои камбизоат зарари зиёд мерасониданд ва боиси исрофкорӣ мешуданд. Бо қабули қонуни мазкур ҳодисаҳои бетартибӣ дар тӯйҳо, то ҳадди содир шудани ҷиноятҳои вазнини авбошӣ ва одамкушӣ, вайрон гардидани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ва садамаҳои нақлиётӣ ҳангоми ҳаракати мошинҳои арӯсу домод асосан аз байн рафтанд.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки бо вуҷуди чораҳои то ба имрӯз андешидашуда ҳолатҳои пурдабдаба гузаронидани тӯю маъракаҳо ва хароҷоти бемаврид дар мамлакат ҳанӯз пурра аз байн нарафта, баъзе шаҳрвандон ҳоло ҳам расму оинҳоро ҳамчун воситаи худнамоиву шуҳратпарастӣ истифода менамоянд, ки чунин рафтор бо табиати фарҳанги мардуми мо бегона ва мухолифи қонун мебошад.

Дар охир кормандони  Раёсату шуъбаҳои Кумитаи рушди маҳал  ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва  ба мақсади дар сатҳи баланд иҷро намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Июль 18, 2017 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст