Пагоҳ маросими расмии ифтитоҳи Намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии «Тоҷикистон -2017» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 26.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 27 то 29 июли соли равон дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳ-ярмаркаи универсалии байналмилалии «Тоҷикистон -2017» баргузор мегардад.
Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар намоишгоҳи мазкур бахшҳои сохтмон, энергетика, таҷҳизот барои соҳаи кӯҳканӣ, металлургӣ, саноати кимиё, соҳаҳои кишоварзӣ, хӯрокворӣ, тандурустӣ, саноати сабук (таҷҳизот ва технология), сайёҳӣ, таҷҳизот ва технологияҳои истеҳсолӣ, соҳаи бонкӣ, молиявӣ ва сармоягузорӣ муаррифӣ карда мешаванд. Дар кори намоишгоҳ ширкатҳои бонуфуз аз давлатҳои хориҷии дуру наздик ва инчунин ширкатҳои ватанӣ иштирок мекунанд.
Дар доираи намоишгоҳ 27 июл, соати 15-00 дар Муассисаи давлатии «Кохи Борбад» баргузории ҳамоиши доираҳои соҳибкорон — иштирокдорони Намоишгоҳ-ярмаркаи универсалии байналмилалии «Тоҷикистон -2017» ва 28 июл, соати 10-00 ҳамоиши сеҷонибаи доираҳои соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Беларус пешбинӣ шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






