«Пайванди қитъаҳо» — пули пайвандгари дӯстии Тоҷикистону Чин
ДУШАНБЕ, 28.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Идигул Қосимзода, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Раиси ҷамъияти дӯстии халқҳои Тоҷикистону Чин аз хусуси ҳамкории судманд бо Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба сатҳи некӯаҳволии занону духтарони тоҷик ибрози назар намуда, бузургдошти 5-умин солгарди таъсиси бахши тоҷикии маҷаллаи «Пайванди қитъаҳо»-ро муборакбод гуфт.
Тавре аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ Ховар иттилоъ доданд, ин нукта зимни мулоқоти Идигул Қосимзода бо ҳайати намояндагии Ҳукумати ноҳияи Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба робитаҳои байналмилалии фарҳангӣ, Кумитаи таблиғотии Ҳизби Коммунисти ноҳияи Синзян, Дафтари матбуоти Ҳукумати Синзяни Чин, идораи рӯзномаи иқтисодии Синзян, идораи маҷаллаи «Пайванди қитъаҳо» ва Академияи рассомии миллии Синзян баён гардид.
Мавриди зикр аст, ки «Пайванди қитъаҳо»- ягона маҷаллаи расмии Чин дар Тоҷикистон соли панҷум аст, ки ба забони тоҷикӣ ба табъ расида, дар густариши робитаҳои фарҳангӣ миёни ду кишвар нақши фаъол мебозад ва ҳамчун пули пайвандгари дӯстии Чин ва Тоҷикистон дониста мешавад.
Зикр шуд, ки Тоҷикистону Чин ҳамсояҳои қарин буда, дурнамои ҳамкорӣ миёни ин ду кишвари ҳамҷавор нек ба назар мерасад. Мардуми ин кишварҳо бояд дӯстию бародариро, ки ба шарофати Шоҳроҳи Бузурги Абрешим аз давраҳои қадим ба мерос мондааст, идома диҳанд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






