«Пайванди қитъаҳо» — пули пайвандгари дӯстии Тоҷикистону Чин

Июль 28, 2017 09:30

ДУШАНБЕ, 28.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Идигул Қосимзода,  Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Раиси ҷамъияти дӯстии халқҳои Тоҷикистону Чин аз хусуси ҳамкории судманд бо Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба сатҳи некӯаҳволии занону духтарони тоҷик ибрози назар намуда, бузургдошти 5-умин солгарди таъсиси бахши тоҷикии маҷаллаи «Пайванди қитъаҳо»-ро муборакбод гуфт.

Тавре аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ Ховар иттилоъ доданд, ин нукта зимни мулоқоти Идигул Қосимзода  бо ҳайати намояндагии Ҳукумати ноҳияи Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба робитаҳои байналмилалии фарҳангӣ, Кумитаи таблиғотии Ҳизби Коммунисти ноҳияи Синзян, Дафтари матбуоти Ҳукумати Синзяни Чин, идораи рӯзномаи иқтисодии Синзян, идораи маҷаллаи «Пайванди қитъаҳо» ва Академияи рассомии миллии Синзян баён гардид.

Мавриди зикр аст, ки  «Пайванди қитъаҳо»- ягона маҷаллаи расмии Чин дар Тоҷикистон соли панҷум аст, ки ба забони тоҷикӣ ба табъ расида, дар густариши робитаҳои фарҳангӣ миёни ду кишвар нақши фаъол мебозад ва ҳамчун пули пайвандгари дӯстии Чин ва Тоҷикистон дониста мешавад.

Зикр шуд, ки Тоҷикистону Чин ҳамсояҳои қарин буда, дурнамои ҳамкорӣ миёни ин ду кишвари ҳамҷавор нек ба назар мерасад. Мардуми ин кишварҳо бояд дӯстию бародариро, ки ба шарофати Шоҳроҳи Бузурги Абрешим аз давраҳои қадим ба мерос мондааст, идома диҳанд.

 

Июль 28, 2017 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАЛАКАҲОИ КАСБӢ». Дар Душанбе даври дуюми ин фестивали ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҳифзи Ватан дар ҳар давру замон вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Суғд масъалаи содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Озарбойҷон баррасӣ шуд
ТАЪСИСИ 500 ҶОЙИ НАВИ КОРӢ. Созишномаи сармоягузорӣ оид ба истифодаи панелҳои офтобӣ ба имзо расонида шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ тавр пеш аз сафар ба Русия тавассути барномаи RuID дархост фиристодан мумкин аст?
25 сол дар алоқа: оид ба ивазшавии наслҳо, рақамикунонӣ ва корҳои муҳими ба чашм ноаён
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба хотири гиромидошти 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Шаҳринав ҳамоиши илмӣ доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи май дар пойтахти Тоҷикистон Фестивали об баргузор мешавад