«Пайванди қитъаҳо» — ягона маҷаллаи тоҷикӣ дар Чин

Июль 28, 2017 15:44

ДУШАНБЕ, 28.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Маҷаллаи «Пайванди қитъаҳо» ҳамчун ягона маҷаллаи тоҷикӣ дар Чин ва ягона маҷаллаи расмии Чин барои Тоҷикистон соли панҷум аст, ки бо забони тоҷикӣ ба табъ мерасад. Ин нукта зимни мулоқоти  Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва роҳбари ҳайати Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба табодули фарҳанги хориҷӣ Хизркелдӣ Абдураҳмон ва ҳамроҳони ӯ дар доираи 5-солагии таъсиси бахши тоҷикии маҷаллаи чинии «Пайванди қитъаҳо» баён гардид.

Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанг ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни вохӯрӣ сухан атрофи рисолати маҷалла ва ҳадафҳо, мақоми иҷтимоии Тоҷикистон, робитаҳои пурсамари иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавии байни ду кишвари ба ҳам дӯст рафт.

Таъкид гардид, ки ин рисолат аз муносибати дӯстона, ҳусни таваҷҷуҳи ҳамдигарии роҳбарони олимақоми ду давлат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии  Мардумии Чин Си Ҷин Пин сарчашма мегирад.

 

Июль 28, 2017 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад