«Пайванди қитъаҳо» — ягона маҷаллаи тоҷикӣ дар Чин
ДУШАНБЕ, 28.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Маҷаллаи «Пайванди қитъаҳо» ҳамчун ягона маҷаллаи тоҷикӣ дар Чин ва ягона маҷаллаи расмии Чин барои Тоҷикистон соли панҷум аст, ки бо забони тоҷикӣ ба табъ мерасад. Ин нукта зимни мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва роҳбари ҳайати Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба табодули фарҳанги хориҷӣ Хизркелдӣ Абдураҳмон ва ҳамроҳони ӯ дар доираи 5-солагии таъсиси бахши тоҷикии маҷаллаи чинии «Пайванди қитъаҳо» баён гардид.
Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанг ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни вохӯрӣ сухан атрофи рисолати маҷалла ва ҳадафҳо, мақоми иҷтимоии Тоҷикистон, робитаҳои пурсамари иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавии байни ду кишвари ба ҳам дӯст рафт.
Таъкид гардид, ки ин рисолат аз муносибати дӯстона, ҳусни таваҷҷуҳи ҳамдигарии роҳбарони олимақоми ду давлат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷин Пин сарчашма мегирад.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






