Прокуратураи генералии Тоҷикистон барои нақзи қонуни танзим нисбат ба 332 нафар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз кардааст
ДУШАНБЕ, 07.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ ҷиҳати бартарафсозии қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба содиршавии онҳо мусоидаткунанда унвони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони корхонаю ташкилотҳо ва муассисаҳо 163 пешниҳод ва 60 амр ирсол гардидааст. Ба санадҳои ғайриқонунӣ 12 эътироз оварда, 204 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуда, нисбат ба 332 нафар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.
Ин маълумот дирӯз дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҷаласаи машваратии байниидоравӣ бо иштироки роҳбарияти Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони масъули Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати БДА ВКД ҷиҳати муҳокимаи натиҷаи санҷиши ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар доданд, дар ҷаласа ҳамчунин зикр шуд, ки мақомоти прокуратураи кишвар ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мунтазам санҷида, ҷиҳати пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ҷойдошта чораҳои эътиноии прокурорӣ андешидааст.
Бо мақсади пурзӯр намудани назорати иҷрои қонун, пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо, баланд бардоштани масъулияти комиссияҳои ҷамъиятӣ, гурӯҳҳои кории доимоамалкунанда бо ҷалби шахсони мутасаддии Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, ВКД ва Раёсати БДА ВКД созмон дода шуда, масъалаи мазкур мавриди санҷиш ва таҳлил қарор дода мешавад.
Дар рафти маҷлис аз ҷониби роҳбарияти Прокуратураи генералӣ ва дигар иштирокчиён, ки ба сухан баромаданд, ба паҳлуҳои масъалаҳои баррасишаванда баҳои ҳуқуқӣ дода, ҷиҳати бартараф намудани камбудию қонунвайронкуниҳои ҷойдошта дар назди прокуророни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.








12 август дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МЕЪМОР-2026». Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҷамъбаст шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли равғани растанӣ зиёд гардидааст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт чор иншооти нав ба истифода дода шуд






