Прокуратураи генералии Тоҷикистон барои нақзи қонуни танзим нисбат ба 332 нафар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз кардааст

Июль 7, 2017 11:51

ДУШАНБЕ, 07.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ ҷиҳати бартарафсозии қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба содиршавии онҳо мусоидаткунанда унвони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони корхонаю ташкилотҳо ва муассисаҳо 163 пешниҳод ва 60 амр ирсол гардидааст. Ба санадҳои ғайриқонунӣ 12 эътироз оварда, 204 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуда, нисбат ба 332 нафар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Ин маълумот дирӯз дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҷаласаи машваратии байниидоравӣ бо иштироки роҳбарияти Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони масъули Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати БДА ВКД ҷиҳати муҳокимаи натиҷаи санҷиши ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  зикр гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар доданд, дар ҷаласа ҳамчунин зикр шуд, ки мақомоти прокуратураи кишвар ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мунтазам санҷида, ҷиҳати пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ҷойдошта чораҳои эътиноии прокурорӣ андешидааст.

Бо мақсади пурзӯр намудани назорати иҷрои қонун, пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо, баланд бардоштани масъулияти комиссияҳои ҷамъиятӣ, гурӯҳҳои кории доимоамалкунанда бо ҷалби шахсони мутасаддии Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, ВКД ва Раёсати БДА ВКД созмон дода шуда, масъалаи мазкур мавриди санҷиш ва таҳлил қарор дода мешавад.

Дар рафти маҷлис аз ҷониби роҳбарияти Прокуратураи генералӣ  ва дигар  иштирокчиён, ки ба сухан баромаданд,  ба паҳлуҳои масъалаҳои баррасишаванда баҳои ҳуқуқӣ дода, ҷиҳати бартараф намудани камбудию қонунвайронкуниҳои ҷойдошта дар назди прокуророни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.

 

Июль 7, 2017 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад