Раиси ноҳияи Рашт: «Хабари бино ба эътирозаш ҳабс шудани як осебдидаи сел дар Рашт асоси воқеӣ надорад»
ДУШАНБЕ, 28.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Раиси ноҳияи Рашт Қаноатшо Лоиқзода хабари «Эътирози як осебдидаи сел дар Рашт бо даҳ рӯзи ҳабс анҷом ёфт» ва кумак накардани Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба зарардидагони селро рад намуда, ба иттилои сокинон мерасонад, ки ин хабар ягон асоси воқеӣ надорад.
Бояд гуфт, ки ин хабар 25 июли соли равон дар сомонаи Радиои «Озодӣ» аз номи як осебдидаи сел- Ҳикматулло Мардонхоҷаеви 30-сола нашр гардидааст.
Дар робита ба ин ҳодиса Раиси ноҳияи Рашт Қаноатшо Лоиқзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки 4 июли соли равон бар асари омадани сел дар дараи Бедакии ноҳияи Рашт 2 хона пурра, 4 хона қисман, 27 иншооти ёрирасон пурра, 18 иншооти ёрирасон қисман ва 47 қитъаи замини наздиҳавлигӣ зери об монданд.
Дар маҳали офати табиӣ таҳти сарварии раиси ноҳия худи ҳамон рӯз ситоди ноҳиявӣ ташкил карда шуд. Ҳамчунин тамоми сохторҳои марбутаи ноҳия вазифадор гардиданд, ки баҳри бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ тадбир андешанд. Ситод оилаҳои зарардидаро ба ҷойи бехавф интиқол дод. «Дар ҷойи ҳодиса ҷиҳати тоза кардани хонаҳо, каналҳо ва роҳҳо техникаҳои роҳи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва як булдозер аз НБО «Роғун» ба рафъи паёмадҳои сел машғуланд ва дар айни ҳол корҳои бартарафсозии оқибатхои сел бомаром ҷараён доранд»,-илова намуд Қаноатшо Лоиқзода.










Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






