Раиси ноҳияи Рашт: «Хабари бино ба эътирозаш ҳабс шудани як осебдидаи сел дар Рашт асоси воқеӣ надорад»

Июль 28, 2017 12:14

ДУШАНБЕ, 28.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Раиси ноҳияи Рашт Қаноатшо Лоиқзода хабари «Эътирози як осебдидаи сел дар Рашт бо даҳ рӯзи ҳабс анҷом ёфт» ва кумак накардани Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба зарардидагони селро рад намуда, ба иттилои сокинон мерасонад, ки ин хабар ягон асоси воқеӣ надорад.

Бояд гуфт, ки ин хабар  25 июли соли равон дар сомонаи Радиои «Озодӣ» аз номи як осебдидаи сел- Ҳикматулло Мардонхоҷаеви 30-сола нашр гардидааст.

Дар робита ба ин ҳодиса Раиси ноҳияи Рашт Қаноатшо Лоиқзода ба  АМИТ «Ховар»  хабар дод, ки 4 июли соли равон бар асари омадани сел дар дараи Бедакии ноҳияи Рашт 2 хона пурра, 4 хона қисман, 27 иншооти ёрирасон пурра, 18 иншооти ёрирасон қисман ва 47 қитъаи замини наздиҳавлигӣ зери об монданд.

Дар маҳали офати табиӣ таҳти сарварии раиси ноҳия  худи ҳамон рӯз ситоди ноҳиявӣ ташкил карда шуд. Ҳамчунин тамоми сохторҳои марбутаи ноҳия вазифадор гардиданд, ки баҳри бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ тадбир андешанд. Ситод оилаҳои зарардидаро ба ҷойи бехавф  интиқол дод. «Дар ҷойи ҳодиса ҷиҳати тоза кардани хонаҳо, каналҳо ва роҳҳо техникаҳои роҳи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва як булдозер аз НБО «Роғун» ба рафъи паёмадҳои сел машғуланд ва дар айни ҳол корҳои бартарафсозии оқибатхои сел бомаром ҷараён доранд»,-илова намуд Қаноатшо Лоиқзода.

5--- 000000000

Июль 28, 2017 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд