Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ соҳибкорони зарардидаи «Бозори Корвон»-ро ду сол аз супоридани маблағи чинакпулии ҳаррӯза ва пардохти иҷорапулӣ озод кард
ДУШАНБЕ, 03.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо роҳбарони сохтору мақомоти дахлдори шаҳри Душанбе дар робита ба ҳодисаи сӯхторе, ки шоми 2 июли соли 2017 дар калонтарин бозори шаҳри Душанбе «Бозори Корвон» ба амал омад, ҷаласаи корӣ доир намуд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷиии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа роҳбарият ва беш аз 200 нафар соҳибкорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бозори Корвон» иштирок доштанд.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохторҳои масъул супориш дод, ки соҳибкороне, ки аз сӯхтор зарар дидаанд, дар тӯли ду сол аз супоридани маблағи чинакпулии ҳаррӯза ва пардохти иҷорапулӣ пурра озод карда шаванд.
Ҳамчунин тибқи супориши Раиси шаҳри Душанбе муовини якуми раиси шаҳр М. Зувайдзода дар ҳамкорӣ бо сардорони раёсатҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе, ВКД дар шаҳри Душанбе, Хадамоти давлатии оташнишонӣ, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони бозорҳои шаҳр ҷиҳати бо таҷҳизоти муосири огоҳкунандаи зидди сӯхтор таъмин намудани растаю дӯконҳои бозорҳо, марказҳои савдо ва иншооти баландошёнаи шаҳри Душанбе вазифадор гардиданд.
Зикр гардид, ки дар муддати 1 моҳ тамоми нуқтаҳо ва растаҳои савдо, ки дар натиҷаи сӯхтор зарар дидаанд, пурра ва бо риояи қоидаҳои зиддисӯхторӣ ба ҳолати аввала барқарор шуда, ба соҳибкорон пешниҳод мегарданд.
Ҳамчунин дар муддати 1 моҳ дар ҳамкорӣ бо Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе дар тамоми ҳудуди бозор таҷҳизоти худкори огоҳкунандаи сӯхтор насб карда мешавад.
Дар робита ба ин, сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки сӯхтор масоҳати 480 метри мураббаъро фаро гирифт, ки дар натиҷа 25 мағоза ва 260 нуқтаи савдо зарар диданд.
Ба иттилои манбаъ, ба ҷои ҳодиса 28 адад автомашинаҳои сӯхторхомӯшкунӣ ва зиёда аз 2000 нафар ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ сафарбар карда шуданд. Ба маҳалли ҳодиса чанд нақлиёти оташнишонӣ сафарбар гардида, сӯхтор сари вақт дар муддати ним соат ба пуррагӣ хомӯш ва пеши роҳи паҳншавии он гирифта шудааст.
Ба гуфтаи У. Эмомалӣ, сабаби сар задани сӯхтор аз рӯи хулосаи пешакӣ ин расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошад. Дар сӯхтор ягон нафар ҷароҳати ҷисмонӣ набардошта, талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта нашудааст.








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






