Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд

Март 25, 2026 17:40

ДУШАНБЕ, 25.03.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Бо мақсади ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ, бахусус занон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур хабар доданд.

Аз онҳо 17 маркази касбомӯзӣ дар собиқ ҷойҳои ҷамъиятии воқеъ дар маҳаллаҳо ва шаҳракҳои ҳудуди ноҳия ва 1 бинои садамавӣ, 30 бинои таъмирталаб, 73 маркази касбомӯзӣ аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ, воқеъ дар маҳаллаҳою шаҳракҳои ҳудуди ноҳия  таъсис дода шудаанд, ки фаъолияти пурсамар доранд.

Дар ноҳия бо мақсади ривоҷ додани ҳунарҳои мардумӣ ва ҳарчи бештар ба ҳунару касбомӯзӣ ҷалб намудани ҷавондухтарону занони хонанишину бешуғл барои ташкили марказҳои касбу ҳунаромӯзӣ дар самти омӯзиши дӯзандагию пазандагӣ, қаннодӣ, қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ, косибию оҳангарӣ, заргарӣ, гаҷкорӣ, бофандагӣ, попурзанӣ, гулдӯзӣ, тоқидӯзӣ, рубобтарошӣ, пойафзолдӯзӣ, дегдонсозӣ ва созтарошӣ тадбирҳои муҳим андешида мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия 250 маҳфили омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ фаъолият доранд, ки дар он духтарону писарон ба таври  ройгон омӯзонида ва пас аз хатм бо сертификат таъмин карда мешаванд.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 25, 2026 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад