Рашт: «Корвони саломатӣ» зиёда аз 2000 нафарро аз ташхису муоина гузаронид
ДУШАНБЕ, 03.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. 1 июли соли равон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини сиҳатии сокинон аз маризиву бемориҳои гуногун «Корвони саломатӣ» ташкил намуда, ба ноҳияи Рашт равон намуд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар «Корвони саломатӣ» зиёда аз 2000 нафари ба ташхису табобат муҳтоҷ иштирок намуда, аз хизматрасонии ройгони тиббӣ бархӯрдор гардиданд.
Дар чорабинӣ мутахасисони ботаҷрибаи муассисаҳои ташхисиву табобатии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардида, дар баробари ташхису муоина ба сокинон маслиҳатҳои тиббӣ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд






