Раёсати «Тоҷикстандарт» дар ВМКБ назорат аз болои сифати маҳсулоти кишоварзириро боз ҳам тақвият мебахшад
ХОРУҒ, 20.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳифзу нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ дар мағозаву бозорҳои шаҳри Хоруғ ва бо сифати хуб ба дасти харидор расондани он яке аз вазифаҳои муҳими тоҷирону соҳибкорон ба шумор меравад. Дар ҳолати ба талаботҳои нигаҳдорӣ ҷавобгӯ набудани маҳсулот дар фасли гармо, яъне ҳангоми баланд шудани ҳарорати ҳаво он метавонад ба саломатии харидор осеб расонад ва боиси паҳн гаштани бемориҳои сироятӣ гардад», — изҳор дошт муовини сардори Раёсати «Тоҷикстандарт» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Фарид Лолоёнов зимни нишасти хабарӣ.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки дар давоми шаш моҳи соли равон кормандони ин ниҳоди назоратӣ 384 намуна маҳсулотро дар озмоишгоҳ мавриди ташхис қарор доданд, ки 103 намунаи он ба меъёри муқаррарӣ ҷавобгӯ набуда, фурӯши он манъ гардид.
«Баъзе аз соҳибкорон сабзавоту меваҷотро берун аз бозор дар зери офтоби сӯзон ба фурӯш гузоштаанд, ки онро аз як сӯ чангу ғубор зер мекунад ва аз сӯи дигар аз таъсири нури офтоб зуд он сифати худро гум мекунад. Чор нафар аз соҳибкорон барои вайрон намудани қоидаи савдо ба маблағи 700 сомонӣ ҷарима баста шуданд. Ба тоҷирон тавсия дода шуд, ки маҳсулоти худро дар яхдонҳои махсус ё сардхона нигаҳ доранд»,-илова намуд Фарид Лолоёнов.
Бино ба маълумоти муовини сардори Раёсати «Тоҷикстандарт», ҳангоми санҷиш истеъмолкунандагон дар бозори марказӣ аз он шикоят намуданд, ки нархи болои молу коло дарҷ гардида арзон аст, аммо дар асл тоҷирон онро бо нархи қимат мефурӯшанд. Сабабашро Фарид Лолоёнов дар рӯйпӯш кардани даромади аслӣ ба мақсади кам пардохт кардани андоз вобаста донист.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






