Роғун: нисбат ба 48 нафар падару модарон бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парванда оғоз гардид

Июль 26, 2017 11:26

РОҒУН, 26.07.2017 /АМИТ «Ховар»/.   Дар нимсолаи аввали соли 2017 дар шаҳри Роғун  38  ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки 9 ҳолати онро ноболиғон иҷро намудаанд. Ҳарчанд сатҳи ҷинояткорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар шаҳри Роғун 36,67 фоиз кам шудааст, вале ҷинояткорӣ аз ҷониби ноболиғон зиёд гардидааст.

Раиси шаҳри Роғун Билол Иброҳим зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки  аз сабаби бемасъулиятии падару модарон нисбат ба фарзандони ноболиғ ин намуди ҷинояткорӣ зиёд гардидааст. Мутаассифона, то имрӯз  аз тарафи шуъбаи ВКД дар шаҳр нисбат ба 48 нафар падару модарон бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парванда оғоз гардида, ба суд  ирсол гардидааст.

Июль 26, 2017 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
Дар Панҷакент Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон хаво 24 дараҷа гарм мешавад
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих