Роғун: нисбат ба 48 нафар падару модарон бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парванда оғоз гардид
РОҒУН, 26.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи аввали соли 2017 дар шаҳри Роғун 38 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки 9 ҳолати онро ноболиғон иҷро намудаанд. Ҳарчанд сатҳи ҷинояткорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар шаҳри Роғун 36,67 фоиз кам шудааст, вале ҷинояткорӣ аз ҷониби ноболиғон зиёд гардидааст.
Раиси шаҳри Роғун Билол Иброҳим зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки аз сабаби бемасъулиятии падару модарон нисбат ба фарзандони ноболиғ ин намуди ҷинояткорӣ зиёд гардидааст. Мутаассифона, то имрӯз аз тарафи шуъбаи ВКД дар шаҳр нисбат ба 48 нафар падару модарон бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парванда оғоз гардида, ба суд ирсол гардидааст.








Каналҳои магистралии Вахш ва Шуробод ба таҷдиди куллӣ фаро гирифта шудаанд
Дар заминҳои назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Кӯшониён картошка кишт карда шудааст
Сулҳофар, тоҷикпарвар, ваҳдатгаро, ташаббускор, роҳкушо, нурофар, сипаҳсолор — ҳафт сифати барҷастаи роҳбарии Пешвои миллат
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад






